Асосӣ/Дар бораи маркази Zabonomuz

БО ЗАБОНОМӮЗ ШИНОС ШАВ

Дар бораи маркази Zabonomuz

Маркази омӯзишии Zabonomuz муассисаи таълимӣ мебошад, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул аст.

Дар марказ забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ ва хитоӣ таълим дода мешаванд. Дарсҳо аз рӯи сатҳҳои забон ташкил карда шуда, аз сатҳи Starter то сатҳи Advanced идома меёбанд. Ин имконият медиҳад, ки ҳар як донишҷӯ мувофиқи сатҳи дониши худ таҳсил намояд.

Муаллимон дар марказ соҳибтаҷриба ва касбӣ мебошанд. Онҳо бо истифода аз усулҳои интерактивӣ, аз ҷумла гуфтугӯ, бозӣ ва машқҳои амалӣ, ба донишҷӯён кумак мекунанд, ки забонро зудтар аз худ кунанд.

Назорат аз болои сифати кори муаллимон ва натиҷаи шогирдон дар марказ доимӣ ва ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, то ки сатҳи таълим ҳамеша дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шавад.

Марказ инчунин ба рушди малакаҳои гуфтор, шунидан, хондан ва навиштан аҳамияти махсус медиҳад. Дар баробари ин, муҳити дӯстона ва дастгиркунанда барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.

Мо дар харита

Кулоб, Тоҷикистон

Дар Google Maps кушодан
1500+Хатмкардагон
20+Ғолибони ҳарсола
8Ҷойҳо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
4Забонҳо
ДАР ҲАР ДАРС БЕШТАР

Ҳама чиз барои пешрафти ту.

01

Муоширати зинда

Гуфтугӯ, бозиҳо ва машқҳои амалӣ. Забонро аз дарси аввал истифода бар.

02

Маводи таълимӣ ҳамеша бо ту

Китобҳои дарсӣ ва чор моҳи премиуми Вожаомӯз ба барнома дохиланд.

03

Дастгирии омӯзгор

Тавсияҳои фаҳмо ва таваҷҷуҳ ба натиҷаи ҳар як донишҷӯ.

04

Машқ берун аз синф

Speaking Club ва Debate Club барои донишҷӯёни курс ройгонанд.

ОДАМОНЕ, КИ ИЛҲОМ МЕБАХШАНД

Соҳибмулкон

Бунёдгузорони маркази Zabonomuz.

Дидани тими пурра
ZABONOMUZ / ЗАБОНОМӮЗ

Калимаи нав. Имконияти нав.

Қадами навбатии ту аз ин ҷо оғоз мешавад.

Дар бораи маркази Zabonomuz | Zabonomuz